Ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар соҳаи саратоншиносӣ густариш меёбад
22.10.2026
16 октябр дар Душанбе Анҷумани I саратоншиносон ва радиологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Яке аз баромадҳои муҳими анҷуман суханронии профессор Алиризо Золӣ, сармутахассиси нейроҷарроҳии Ҷумҳурии Исломии Эрон, буд. Эшон дар бораи таҷрибаи Эрон дар назорати бемориҳои саратонӣ маълумот дода, барои такмили низоми ташхис ва табобати онкологӣ дар Тоҷикистон пешниҳодҳои амалӣ намуданд.
Профессор Алиризо Золӣ ба дастовардҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар давраи 35-солаи Истиқлолияти давлатӣ баҳои баланд доданд. Эшон таъкид намуданд, ки дар ин муддат дар кишвар муассисаҳои муосири тиббӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Ба андешаи профессор, ҷорӣ гардидани усулҳои нави ташхис, аз ҷумла радиологияи муосир, рушди ҷарроҳии мураккаб ва омодасозии мутахассисони ватанӣ аз ғамхории пайвастаи давлат нисбат ба саломатии аҳолӣ шаҳодат медиҳад. Эшон қайд карданд, ки Тоҷикистон имрӯз барои ҳамкориҳои баробарҳуқуқ ва судманди илмӣ-тиббӣ иқтидори воқеӣ дорад.
Ҳамзамон, профессор ба зарурати татбиқи технологияҳои муосир, баланд бардоштани иқтидори кадрҳо ва роҳандозии лоиҳаҳои муштараки илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Ҳайати кормандони МД «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш» ба профессори муҳтарам барои баромади пурмуҳтаво ва саҳм дар таҳкими робитаҳои ду кишвари дӯсту бародар сипос гуфта, ба эшон саломатӣ ва комёбиҳои нави илмӣ орзу менамояд! 🙏
🇹🇯🤝🇮🇷 Бигзор ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ба нафъи саломатии мардуми ҳар ду кишвар густариш ёбанд!






