Ҷумҳурии Тоҷикистон · ДушанбеМуассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шифобахш»RU · TJ · EN
ШИФОБАХШМАРКАЗИ ТИББӢ

← Ҳамаи хабарҳо

Аз рафти тақдими мукофоти давлатӣ ба директори Марказ, доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.10.2026

Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ ба директори Марказ, доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед мукофоти давлатӣ тақдим гардид. Маросими тақдими мукофоти давлатӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, саҳми арзандаи профессор Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед дар рушди соҳаи тандурустӣ, фаъолияти самараноки касбӣ ва хизматҳои шоиста дар назди давлату миллат қадрдонӣ гардид. Ин мукофоти давлатӣ нишони баланди эътироф ва қадршиносӣ ба фаъолияти бисёрсолаи роҳбарият ва кормандони соҳаи тандурустӣ буда, барои кормандони Марказ мояи ифтихор ва рӯҳбаландии бештар дар роҳи хизмат ба халқу Ватан мебошад. Коллективи Марказ директори муассиса, доктори илмҳои тиб, профессор Раҳмонзода Хуршед Ҷамшед-ро ба муносибати ин дастоварди арзанда самимона табрик намуда, барояшон дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва табобатӣ комёбиҳои нав орзу менамояд. 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!